26 Август 2025 - 13:55
Source: ABNA
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Агар муқовимат намебуд, Исроил ба Байрут мерасид/ Ҳаргиз силоҳро канор намегузорем

Шайх Наим Қосим бо ишора ба тасмими давлати Лубнон барои халъи силоҳи муқовимат гуфт: «Ҳаргиз силоҳеро, ки боиси иззат ва қудрати мост ва аз мо дар баробари душман ҳимоят мекунад, канор намегузорем.»

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(а) - Абна - Шайх «Наим Қосим», дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, имрӯз дар суханоне ба муносибати бузургдошти аллома Сайид Аббос Алӣ ал-Мусавӣ (узви ҳайати шаръӣ дар Шурои олии шиъаёни Лубнон, узви ҳайати умна ва аз муассисони Таҷаммуъи уламои мусалмон дар Лубнон) ба баррасии таҳаввулоти Лубнон пардохт ва гуфт набарди «Фаҷру-л-Ҷуруд» набарде буд, ки бо ҳамкории муштараки артиши Лубнон ва муқовимати исломии он ва бо тасмими шуҷоъонаи «Мишел Авн» анҷом шуд.

Вай дар идома бо ишора ба нопадид шудани имом Мусо Садр гуфт: «Имом Садр тағйироти решаӣ дар Лубнон ба вуҷуд овард ва пешвои муборизон буд. Вай алоқаи шадиде ба ваҳдати миллӣ дар кишвар дошт ва муътақид буд, ки ҷануби Лубнон ба намояндагӣ аз саросари ин кишвар ва арабҳо муқовимат кард, мо низ бо имом Садр аҳду паймон мебандем, ки таҳти ливои муқовимат хоҳем буд.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: «Набарди «Фаҷру-л-Ҷуруд» набарде буд, ки аз сӯи артиши Лубнон ва муқовимати исломӣ анҷом шуд ва дастоварди бузурге муҳаққақ кард, тасмими Мишел Авн (раисиҷумҳури вақти Лубнон) барои набарди Фаҷру-л-Ҷуруд алайҳи такфириҳо ва ДИИШ як тасмими қатъӣ ва ҷасурона буд, ки бо вуҷуди фишорҳои Амрико иттихоз шуд.»

Шайх Наим Қосим илова кард: «Дар замони набарди Фаҷру-л-Ҷуруд, Ҷузеф Авн фармондеҳи артиш буд, ки ҳамкории комиле дошт ва дар ин набард ҳамоҳангӣ байни муқовимат ва артиш ба фармондеҳии вай сурат гирифт ва ин набард як улгуи роҳбурди дифоъӣ аст, чаро ки муқовимат пуштибони артиши Лубнон дар озодсозии (арозии ҷануб) буд.»

Вай ҳамчунин бо ишора ба таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи Яман тасриҳ кард: «Исроил, Яманро бомбаборон кард, аммо монанди ҳамеша таъсисоти ғайринизомӣ ва ғайринизомиёнро бомбаборон кард, Исроил дар баробари чашмони ҷаҳониён муртакиби ҷиноят мешавад, Яман дар баробари таҷовузоти Исроил мавқеи қаҳрамонона дорад ва мо аз Ямани азиз ба далели мавқеи истисноии он дар ҳимоят аз мардуми Ғазза қадрдонӣ мекунем.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба тасмими давлати Лубнон барои халъи силоҳи муқовимат гуфт ҳаргиз силоҳеро, ки боиси иззат ва қудрати мост ва аз мо дар баробари душман ҳимоят мекунад, канор намегузорем.

Дабири кулли муқовимати Лубнон дар идома гуфт агар муқовимат намебуд, Исроил ба Байрут мерасид, ҳамон тавре ки ба Димишқ расид ва 600 километр [аз хоки Лубнон]ро ишғол мекард, ҳамон тавре ки дар Сурия иттифоқ уфтод.

Шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, таъкид кард муқовимат садди муҳкаме дар баробари таҳаққуқи аҳдофи режими ишғолгар боқӣ хоҳад монд ва ишғолгарон ҳаргиз нахоҳанд тавонист дар Лубнон боқӣ бимонанд ва лоиҳаи тавсаъаталабонаи худ дар ин кишварро иҷро кунанд.

Вай афзуд давлати Лубнон дар хусуси халъи силоҳи Лубнон ва миллати ин кишвар тасмими иштибоҳе иттихоз карда дар ҳоле аст, ки таҷовузоти исроилӣ идома дошта ва дунболи иҷрои мақосиди тавсаъаталабонаи худ таҳти назорати Амрико аст.

Шайх Наим Қосим хотирнишон кард ин тасмими давлати Лубнон дикташуда аз сӯи Амрико ва Исроил буда ва ин давлат дар сурати идомаи ин равиш наметавонад ҳокимияти Лубнонро таъмин кунад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: «Мо ҳаргиз аз силоҳи худ даст бар нахоҳем дошт ва силоҳи мо ҷон ва шараф ва сарзамин ва каромати мо аст ва мо ҳаргиз Исроилро дар кишвари худ раҳо нахоҳем кард.»

Шайх Наим Қосим эълом кард: «Касоне, ки ба дунболи халъи силоҳи мо ҳастанд монанди он аст, ки ба дунболи гирифтани ҷони мо ҳастанд ва дар сурати талош барои ин масъала ҷаҳон сарсахтии моро хоҳад дид.»

Вай тасриҳ кард муқовимат ҳомии артиши миллии кишвар аст, ки ҳамчунон масъули нахусти дифоъ аз кишвар аст. Муқовимат вокунише ба таҷовузи душман аст ва бо он муқобила ва аз аҳдофи он ҷилавгирӣ мекунад, таҷҳизи силоҳи артиш зарурӣ аст ва бояд масъул (дифоъ аз кишвар) бошад ва муқовимат низ як омили ҳимоятӣ аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ таъкид кард Исроил мумкин аст ишғол кунад, бикушад ва нобуд кунад аммо мо бо он муқобила хоҳем кард то субот пайдо накунад ва ин тавоноии мост. Вазифаи муқовимат акнун болотар ва шадидтар аст ва Исроил ҳаргиз наметавонад дар Лубнон боқӣ бимонад.

Шайх Наим Қосим ҳамчунин гуфт нақшаи роҳ шомили ихроҷи душман аз сарзамини Лубнон, таваққуфи таҷовузот, озодии асирон, оғози бозсозӣ ва сипас пардохтан ба роҳбурди дифоъӣ аст.

Вай зимни радди рӯйкарди имтиёздиҳӣ дар баробари режими саҳюнистӣ, аз давлати Лубнон хост то ба тавофуқ бо Ҳизбуллоҳ пойбанд буда ва таслими фишорҳо нашавад ва бо шуҷоат ва масъулона бо ончи аз он хоста мешавад, муқобила кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha